+992 37 2213761 office@centreict.net

Маводҳои кушодаи таҳсилотӣ дар Интернет барои рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази Технологияҳои Иттилоотӣ – Коммуникатсиони ш.Душанбе» бо дастгирии молиявии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ оғози иҷрои лоиҳаи оид ба рушди маводҳои кушодаи таҳсилотиро (МКТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад.

Лоиҳаи «Рушди маводҳои кушодаи таҳсилотӣ ва системаи таълими фосилавӣ» давоми лоиҳаи амсоли озмоишӣ мебошад, ки дар солҳои 2015 – 16 иҷро гардида буд. Пештар ба лоиҳаи озмоишӣ 5 донишгоҳи олии шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ҷалб шуда буданд. Дар донишгоҳҳои озмоишӣ рӯнамоиҳо ва мастер – классҳо оид ба ташаккули маводҳои кушодаи таҳсилотӣ гузаронида шуданд. Озмун барои «Беҳтарин маводи кушодаи таҳсилотӣ» ва ТОТ оид ба ташаккули МКТ барои иштирокчиёни лоиҳа гузаронида шуд. Дар панҷ донишгоҳ сайтҳо дар пояи системаи идоракунии таҳсилот Moodle сохта шуданд, ки дар онҳо аз ҷониби ҳайати профессорон ва муаллимон маводҳои таълимӣ ва лексияҳо таҳия ва ҷойгир карда шуданд. Ба ғайр аз ин, портали ягонаи таҳсилотии МКТ http://oer.cict.tj барои дастрасии босуръат ба захираҳои таҳсилотии дохилӣ, хориҷӣ ва маводҳои илмӣ сохта шудааст.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур фарогирии лоиҳа барои 8 муассисаи таҳсилотӣ дар саросари Тоҷикистон васеъ карда шуда ба такмили нерӯи устодон дар ташаккули МКТ нигаронида мешавад. Лоиҳа донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ ва Хӯҷандро фаро мегирад. Яке аз навовариҳои лоиҳаи мазкур омӯзиши муаллимон барои таҳияи маводҳои чандрасонаӣ (видео – дарсҳо, аудио – лексияҳо, графика ва ғайра) мебошад. Инчунин мастер – класҳо доир ба таҳияи замимаҳои мобилӣ дар пояи маводҳои таҳсилотии маъруфтарин ва муҳимтарин гузаронида мешаванд. Дар назди донишгоҳҳои олии мақсаднок дар шаҳрҳои Хоруғ ва Хӯҷанд платформаҳои ЗКТ дар системаи озмудашудаи Moodle сохта мешаванд.

Дар фарҷоми лоиҳа дар назар аст, ки портали асосии ЗКТ (http://oer.cict.tj), ки дар чорчӯбаи лоиҳаи озмоишӣ сохта шуда буд, бо на кам аз 20 маводи чандрасонаӣ пурра карда мешавад. Инчунин замимаҳои мобилӣ дар асосӣ маводҳои беҳтарини таҳсилотии иштирокчиёни лоиҳа, алалхусус оид ба муҳимтарин фаннҳо ва самтҳо, сохта мешаванд.

Лоиҳа гузаронидани тренингҳо ва мастер-классҳо, ташаккули маводҳои чандрасонаӣ ва замимаҳои мобилӣ, ва инчунин ташаккули сайтҳо барои маводҳои кушодаи таҳсилотиро дар бар мегирад. Дар натиҷа ҳайати профессорон ва муаллимони донишгоҳҳо имконияти такмили донишҳо ва малакаҳои ххудро оид ба ташаккули МКТ барои таъмини пешниҳоди мунтазам ва интерактивии маводҳои таълимӣ пайдо мекунанд. Дар фарҷоми лоиҳа миёни муаллимон барои муайан намудани беҳтарин захираи кушодаи таҳсилотӣ озмун эълон карда мешавад. Муаллифони маводҳои беҳтарин аз ҷониби ҳамшарикони лоиҳа қадрдонӣ карда мешаванд.

*Маълумот: Тафсири мафҳум аз ҷониби ЮНЕСКО : «Маводҳои кушодаи таҳсилотӣ ин маводҳои илмӣ ва таълимии дастрасиашон озод ва ё бо назардошти литсензия таҳия шуда мебошанд, ки барои истифодабарии ройгон ё модификатсияи онҳо аз ҷониби шахсони сеюм иҷозат медиҳад». (Манбаъ: Институти ЮНЕСКО оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар таҳсилот http://iite.unesco.org/oer/)

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед дар Маркази Технологияҳои Иттилоотӣ Коммуникатсионӣ бо Талъат Нӯъмонов бо телефони 918 71 91 08 ва ё почтаи электронии talat@centreict.tj дар тамос бошед.